Сармуҳаррир

Сармуҳаррир

Абдуалимзода Ҳакимбек Абдуалим

Абдуалимзода Ҳакимбек Абдуалим, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон 25 апрели соли 1980 дар ноҳияи Қумсангир (ҳозира Ҷайҳун)-и вилояти Хатлони  Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Соли 2006 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистонро аз рӯйи ихтисоси андоз ва андозбандӣ бо дипломи аълочӣ хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 2006 дар кафедраи назарияи иқтисодии Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон оғоз намудааст. То соли 2011 дар вазифаҳои ассистент, муаллими калони кафедраи назарияи иқтисодии Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон фаъолият дошт. 17 ноябри соли 2012 рисолаи номзадиро дар мавзуи «Асосҳои назариявии бехатарии берунииқтисодӣ дар шароити иқтисоди кушод ва гузариш (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)» ҳимоя намуд.

Солҳои 2014-2018 дар вазифаи мудири кафедраи фаъолияти бонкии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва солҳои 2018-2020 дар вазифаи декани факултети молия ва қарзи ҳамин донишгоҳ фаъолияти меҳнатӣ бурдааст. Аз 14-уми январи соли 2020 ба ҳайси муовини якум, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 феврали соли 2022 таҳти №40 Абдуалимзода Ҳакимбек Абдуалим ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таъйин шуд.

Муаллифи беш аз 25 асари илмию методӣ аст.

Оиладор, соҳиби 2 фарзанд мебошад.