Ба таваҷҷуҳи муаллифон
Дар маҷаллаи илмию амалии «Паёми молия ва иқтисод» мақолаҳое, ки натиҷаҳои тадқиқоти илмию амалии соҳаҳои иқтисодию молияро дар бар мегиранд, чоп мешаванд.
Мақолаҳо дар давоми сол қабул карда мешаванд. Маводе, ки дар нашрияҳои дигар чоп шудаанд ва ё дар арафаи чопанд, қабул карда намешаванд.
Мақолаҳои пешниҳодшаванда бояд ҷавобгӯи чунин талабот бошанд:
1. Ҳаҷми мақола якҷоя бо расм, нақша, рӯйхати адабиёт ва матни аннотатсия ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бояд аз 8 то 12 саҳифаи компютерӣ бошад.
2. Мақолаҳо дар шакли электронӣ ва дар шакли чопӣ (1 нусха) пешниҳод карда шаванд.
3. Мақолаҳо дар системаи Miсrosoft Word бо чунин тарз: мақолаҳои тоҷикӣ бо гарнитураи Times New Roman Tj, русӣ бо гарнитураи Times New Roman, андозаи ҳуруфи матни асосӣ – 14, рӯйхати адабиёт – 12, фосилаи байни сатрҳо – 1,5 см, сархат аз гӯшаи чапи варақ бо андозаи – 1,25 см, фосилаҳо аз боло – 3 см, аз поён – 2,5 см, аз чап – 3 см, аз рост – 2 см пешниҳод шуда, ҳамаи саҳифаҳо рақамгузорӣ карда шаванд.
4. Дар саҳифаи аввали мақола УДК, номи мақола, ному насаб ва маълумот дар бораи муаллиф (муаллифон) ва ташкилот ё муассиса, аннотатсия ва калидвожаҳо бо се забон нишон дода мешаванд.
5. Мақола бо аннотатсия ва калидвожаҳо бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ (курсив, андозаи 12) оғоз гардида, бояд муҳтавои асосии мақоларо амиқ дарбар гирад ва дар шакли алоҳида ба нашр мувофиқ бошад (на камтар аз 10 сатр). Калидвожаҳо тасвири кӯтоҳи мундариҷаи маводи илмӣ буда, дар бораи мавзӯъ ва сохтори он маълумоти умумӣ медиҳанд ва аз 8 то 10 калима ва ё ифодаро дар бар гирифта, бо вергул ҷудо карда мешаванд.
6. Маълумот дар бораи муаллиф бояд инҳоро дар бар гирад: ному насаби пурраи муаллиф (муаллифон), дараҷаи илмӣ, вазифа, ҷойи кор, суроға, телефон ва Е-mail (шрифти курсив 12).
7. Иқтибосҳо дар дохили қавсҳои чоркунҷа, ба мисли [1, с.24] нишон дода мешаванд. Рӯйхати адабиёт дар охири мақола бо нишон додани ҳаҷми умумии саҳифаҳои сарчашма аз рӯи алфавит бо зерсарлавҳаи «Адабиёт» оварда мешавад. Адабиёти истифодашуда қатъиян бо риояи ҳамаи меъёр ва қоидаҳои тартиби библиографӣ таҳия мегардад.
8. Ҷадвал, расм, диаграммаҳои дар мақола истифодашуда бояд қатъиян аз рӯи талаботи муқарраргардида нишон дода шуда, рақам ва номгузорӣ карда шаванд.
9. Мақолаҳои илмии пешниҳодшаванда бояд хулосаи коршинос ва тақризи мутахассисонро барои имкони чопи мақола дошта бошанд.
10. Матни мақола бояд саҳеҳу мукаммал ва дар шакли ниҳоӣ пешниҳод гардад.
11. Ҳайати таҳририя ҳуқуқ дорад, ки мақолаҳои илмиро ихтисор ва таҳрир намояд.
Мақолаҳое, ки ба талаботи мазкур ҷавобгӯ нестанд, қабул карда намешаванд.